Конференсияи III-юми илмии ҷумҳуриявӣ «Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист»
26 сентябри соли 2024 Конференсияи III-юми илмии ҷумҳуриявӣ “Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист” гузаронида шуд, ки дар кори он зиёда аз 60 нафар олимон аз 20 муассисаҳои гуногуни илмии қаламрави ҷумҳуриамон ва 2 муассисаи давлати Россия иштирок намуданд. Дар натиҷаи кори конференсияи мазкур маводҳои он нашр гардид, ки дар он зиёда аз 52 маводи илмӣ дар самтҳои гуногуни мубрам гирд оварда шудаанд.
РЕЗОЛЮТСИЯИ конференсияи III-юми илмӣ-ҷумҳуриявӣ “Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист” ш. Душанбе, 26 сентябри соли 2024
Иштирокчиёни конференсия масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои душвориҳои мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист ва таъсири омилҳои гуногуни экологиро дида баромада, қайд намуданд, ки омӯзиш ва дарки механизми мутобиқшавии системаҳои зинда таҳияи ҳалли масъалаи зикршударо имконият дода, барои тавсияҳои амалӣ оид ба зиёд намудани омӯзиши мутобиқшавии организмҳои гуногун ва паст намудани таҳдиди таъсири манфии стресҳо ба муҳити зист, системаҳои агроэкологӣ ва инсон фароҳам меоварад.
Дар рафти конференсия қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон ба масъалаҳои омӯзиши мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист таваҷҷуҳи хос дода мешавад, чунки қаламрави ҷумҳурӣ дорои шароити иқлими кӯҳӣ ва шароити гуногуни экологии ба он хос мебошад.
Дар рафти конференсия 7 маърузаи пленарӣ ва 52 маъруза дар ҷалласаҳои 3 бахш аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кищоварзии Тоҷикистон, донишгоҳҳои Олии ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҲҶТ шунида шуд. Маърузаҳои пешниҳодшуда дар сатҳи баланди методӣ баррасӣ шуданд. Дар умум дар кори конференсия олимон аз 18 муассисаи илмии дохили кишвар ва 2 муассисаи илмии Федератсияи Россия иштирок намудаанд.
Иштирокчиён сатҳи баланди илмӣ-ташкилии конференсия, саҳми олимонро оид ба рушди тадқиқот дар самти омӯзиши хусусиятҳои тағйирёбандаи иқлим ҳамчун омили таъсирбахш ба механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда, омӯзиши растаниҳои кишоварзию шифобахш ва захираҳои онҳоро қайд намуда, иброз доштанд, ки маводҳои илмӣ то оғози чорабинии мазкур нашр шудаанд.
Иштирокчиёни конференсия чунин пешниҳодҳо намуданд:
- Ҳамоҳангсозии таҳқиқот дар самти омӯзиши мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист тавассути мубодилаи маълумоти иттилоотӣ, таҳқиқоти муштарак, мубодилаи мутахассисон ва рушди робитаи дутарафаю бисёртарафаи шартномаҳо ба роҳ монда шавад;
- Мусоидат намудан ба интегратсияи муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳо барои гузаронидани таҳқиқоти комплексии муштарак тибқи лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки ба таҳлили муайянкунии алоқамандии сабаби ҳолатҳое, ки ба тағйирёбии иқлим мансуб мебошад;
- Дар телевизион ва радио сари вақт баррасӣ намудани на танҳо маълумот оид ба дастовардҳои олимон дар самти омӯзиши мутобиқшавии растаниҳои кишоварзию шифобахш ва захираҳои онҳо, балки баррасии ташвиқу тағриби этикаи ҳаётбарии оқилона ва ғамхорона нисбат ба табиати кишварамон;
- Зиёд ва пурзӯр намудани гузаронидани конференсияҳо ва мизҳои мудаввари мутахассисон;
- Аз Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ хоҳиш карда шавад, ки резолютсияи конференсияи III-юми илмӣ-ҷумҳуриявӣ “Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист” дар нашри навбатии маҷаллаи “Ахбори АМИТ” (Шуъбаи илмҳои биологӣ) ба табъ расонида шавад.