Маркази иноватсионии биология ва тибби
Акадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази иноватсионии биология ва тиббиАкадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар бораи марказ

Бо назардошти зарурияти кор карда баромадани самтҳои афзалиятнок ва гузариши илм ба самти рушди инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои нав дар истеҳсолот бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон № 19 аз 07 феврали соли 2011 Муассисаи давлатии «Маркази инновационии биология ва тиб»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ду озмоишгоҳ – «Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ» ва «Озмоишгоҳи   биологияи тиббӣ ва биотехнологияи маводҳои доруворӣ» таъсис дода шуд.

Ҳамчун роҳбари Марказ д.и.б., академики АИ ҶТ Якубова Муҳиба Мухсиновна таъин карда шуд. Муҳиба Мухсиновна ҳамчун роҳбар аз санаи тасдиқ то моҳи августи соли 2019 самаранок фаъолият намуда, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, аз он ҷумла: 9 Нахуспатент оид ба маводҳои гуногуни доруворӣ ва таҳияи истеҳсоли нӯшобаи «Гулоби Ирам». 

Дар тӯли фаъолияти  илмӣ-тадқиқотии (солҳои 2011-2019) худ ходимони илмии Марказ аз рӯи 3 лоиҳаи фармоишии ҷумҳуриявӣ ва 4 лоиҳаи Фонди бунёдии Президентӣ фаъолият намудаанд.

Самтҳои асосии фаъолияти Марказ:

омӯзиши механизмҳо ва ҳудудҳои мутобиқатнокии зироатҳои кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш вобаста ба тағйирёбии иқлим бо мақсади ҳифз ва истифодабарии самараноки захираҳои генетикии нодири маҳаллӣ;

 парвариш ва омӯзиши растаниҳои шифобахши хусусиятҳои гепатопротекторӣ ва адаптагенӣ (мутобиқшавӣ) дошта ва таъсири онҳо ба нишондиҳандаҳои ҷигар ва гипоксия дар ҳайвоноти лабораторӣ (каламушҳои сафед).

омӯзиши растаниҳои шифобахши ватанӣ бо мақсади таҳия намуда, ба даст овардани моддаҳои фаъоли биологии нав;

Дар айни ҳол роҳбарии Марказро мутахассиси ҷавон, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Сатторов Ҷамшед Саидович сарварӣ намуда истодааст.


tourismBaner

Истироатгоҳҳо, шифохонаҳо, муолиҳахонаҳо

Сатурн
Осоишгоҳи "Сатурн" воқеъ дар деҳаи Шамбарӣ буда, як маҷмааи муосир, ....

Мавзеъҳои таърихӣ

Қалъаи Ҳисор
Қалъаи Ҳисор(форсӣ:قلعه حصار‎)— ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дарноҳияи Ҳисораст. Қалъаи Ҳисор қисми ....

Мавзеъҳои табиӣ

Чилдухтарон
Дар куҷое ки набошӣ, кӯҳҳо ҳамеша туро иҳота мекунанд ва ....