Маркази иноватсионии биология ва тибби
Акадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази иноватсионии биология ва тиббиАкадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Қалъаи Ҳисор

Қалъаи Ҳисор (форсӣ: قلعه حصار‎) — ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор мебошад. Вожаи «ҳисор» (форсӣ: حصار‎) арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» (форсӣ: قلعه‎)аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII мелодӣ — «Ҳисори Шодмон», яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — Ҳисор — гашт. Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.

Экспедитсияи Ҳисор

Қалъаи Ҳисор,қароргоҳи беки Ҳисор, акси солҳои 1890-1896

Пас аз истило шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ дар охири асри XIX шартномаи тобеияти аморати Бухоро, аз ҷумла бекигарии Ҳисор бо империяи Русия муқаррар карда шуд. Тоҷирон, сайёҳон, олимон, таҳқиқотчиён, мансабдорон ва ҳар биёни Русияву Аврупо дар ҳамаи бекигариву амлокдорӣ ҳуқуқи озодона савдо кардану кору таҳқиқот бурданро пайдо намуданд. Ба аврупоиён ганҷинаи пурасрори Ҳисори Шодмон дар соли 1875 аз ҷониби «Экспедитсияи Ҳисор» маълум гардид. Акнун онҳо ба ин диёр омада оид ба омӯзишу таҳқиқи растаниву ҳайвонот, обҳои табииву конҳои пурасрор, захираву манбаъҳои зеризаминӣ, сиёсату маданият ва вазъи зиндагии мардуми оддӣ машғул мешуданд. Яке аз сайёҳони арман В.Марконян, ки дар он солҳо ба Ҳисор меҳмон шуда омадааст, вазъи бади тандурустии аҳолиро ба ҳисоб гирифта, дар хотироташ ин диёрро «водии марг» номидааст. Сабаб дар он буд, ки ғайр аз мансабдорону бойҳо ба халқи бенаво хизмати тиббӣ асонида намешуд. Сарҳанг (полковник)-и артиши подшоҳии рус Д.Н.Логофет, ки дар соли 1880 дар Ҳисор буд, вазъи мураккаби ҳаёти мардумро бо камоли таассуф ба қалам медиҳад: «Дар он солҳо дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон корҳои таҳқиқотӣ бурда, мо аз бисёр сокинон хабарҳои наву тозаро борҳо мешунидем. Арзу шикояти беҳисоб ба шахсияти бекҳо, инчунин ба хизматчиёни поёнӣ гувоҳи ин буданд, ки дар бораи сар задани ӯришҳои нави халқӣ дар бекигарӣ кушоду равшан гап мезаданд». («Административное устройство Гиссарского бекства», Туркестанские ведомости, 1880, №112). Ин таҳқиқотчии кунҷков ва закӣ дар ҷои дигар, дар асараш «В горах и на равнинах Бухары» («Дар кӯҳҳо ва водиҳои Бухоро», СПб.1913 саҳ.479) менависад:

«Осори гулӯлаҳои тӯп, ки деворҳоро хароб кардаанд ва дар табақаҳои ғафси дарвоза сӯрохиҳои калонро гузоштаанд, баёнгари безабони онанд, ки Қалъаи Ҳисор чандин маротиба дучори муҳосираю ҳуҷум гардидааст»

hissar fortress5

Тибқи шаҳодати ин афсари подшоҳии рус атрофи шаҳри Ҳисорро қӯрғони азими даҳкилометра бо чор бурҷи идбонгоҳдор иҳота карда буданд, ки панҷ дарвоза дошт: “Хоки сафед”,”Чангоб”,”Чашмаи моҳиён”,«Шаккарӣ» ва «Обдузд». Перомуни дарвозаҳои шаҳри Ҳисор ҳаминро бояд хотирнишон сохт, ки меъмории ин дарвозахонаҳо ба мисли дарвозаҳои имрӯзаи баъзе аҳрҳои олам гумбазшакл буда, аз масолеҳи мустаҳками хишти пухтаву санг сохта, бо усули биносозии шарқӣ қомат афрохтаанд. Онҳоро миршабон ва дарвозабонон муҳофизат мекарданду одамонро тафтиш ва иҷозаи воридшавӣ медоданд. Мутаасифона, ҳоло аз ин дарвозаҳо танҳо номашон боқӣ мондаву онҳоро майдонҳои пахтазор ишғол кардаанд.

hissar fortress

hissar fortress2

hissar fortress3


tourismBaner

Истироатгоҳҳо, шифохонаҳо, муолиҳахонаҳо

Сатурн
Осоишгоҳи "Сатурн" воқеъ дар деҳаи Шамбарӣ буда, як маҷмааи муосир, ....

Мавзеъҳои таърихӣ

Саразм қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин дар Тоҷикистон мебошад
Дар қисмати шимолии Тоҷикистон, 250 километр аз пойтахт, шаҳри Душанбе, ....

Мавзеъҳои табиӣ

Чилучор Чашма
Чилучор Чашма ("Чилу чаҳор чашма") ин маконест, ки дар масофаи ....