Маркази иноватсионии биология ва тибби
Акадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Маркази иноватсионии биология ва тиббиАкадамеияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Озмоишгоҳи биологияи тиббӣ ва биотехнологияи маводҳои доруворӣ

Озмоишгоҳи мазкур соли 2011 бо таъсисёбии Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ фаъолияти худро оғоз намудааст.

Мудир: Қурбонов Мансур Қурбонович

Вазифаҳои асосии таҳқиқоти озмоишгоҳ чунинанд:

  • омӯзиши таркиби растаниҳои шифобахше, ки хусусияти гепатопротекторӣ ва адаптагенӣ доранд;
  • омӯзиши таркиби растаниҳои шифобахш бо мақсади таҳияи моддаҳои фаъоли биологӣ (МФБ) ва иловаҳои фаъоли биологӣ (ИФБ);
  • муайян намудани захираҳои табиии растаниҳои шифобахши таҳқиқшаванда ва тозагии экологии ашёи дорувории онҳо;
  • ташкили плантатсияҳои сунъии растаниҳои шифобахш;
  • дигар самтҳои илмии рӯзмарра марбут ба таъиноти фаъолияти озмоишгоҳ.

Аз соли 2013 озмоишгоҳи мазкурро номзади илмҳои кимиёвӣ, Қурбонов Мансур роҳбарӣ намуда истодааст. Таҳти роҳбариашон 7 корманди илмӣ фаъолият менамоянд, аз он ҷумла: 2 – ходими калони илмӣ, 1 – ходими илмӣ, 3 – ходими хурди илмӣ ва 1лаборанти калон;

Таҳти роҳбарии Қурбонов Мансур тӯли фаъолияти илмӣ ба ходимони озмоишгоҳ муяссар гардид, ки беш аз 8 Нахустпатент ва 1 Сертификати иҷозатномавиро оид ба истеҳсоли нӯшобаи «Гулоби Ирам»-ро ба даст оранд.

Қитъаи озмоишӣ оид ба парвариши садбарги димишқӣ бо мақсади омода намудани ашё барои нӯшобаи «Гулоби Ирам»
Қитъаи озмоишӣ оид ба парвариши садбарги димишқӣ бо мақсади омода намудани ашё барои нӯшобаи «Гулоби Ирам»
ozmoishgohi biologiyai tibbi va biotekhnologiyai mavodhoi doruvori 02
Рафти ҷудо накмудани спирт аз таркиби прополис
ozmoishgohi biologiyai tibbi va biotekhnologiyai mavodhoi doruvori 03
Таҷрибаҳо оид ба муайян намудани хусусиятҳои адаптагенӣ дар шароити баландкӯҳ (пойгоҳи Сиёҳкӯҳ, 2400 м)
ozmoishgohi biologiyai tibbi va biotekhnologiyai mavodhoi doruvori 04
Таҷрибаҳо оид ба муайян намудани таъсири маводи дорувории “Гепатрил” ҳангоми муолиҷаи ҷигар аз гепатити музмин

tourismBaner

Истироатгоҳҳо, шифохонаҳо, муолиҳахонаҳо

Сароб
Маҷмааи меҳмонхона ва фароғатии солона ”Сароб” дар яке аз кунҷҳои ....

Мавзеъҳои таърихӣ

Қалъаи Ҳисор
Қалъаи Ҳисор(форсӣ:قلعه حصار‎)— ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дарноҳияи Ҳисораст. Қалъаи Ҳисор қисми ....

Мавзеъҳои табиӣ

Чилучор Чашма
Чилучор Чашма ("Чилу чаҳор чашма") ин маконест, ки дар масофаи ....