Сехи илмӣ-истеҳсолӣ
Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ соли 2022 бо тавассути 2 лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ, аз он ҷумла «Омӯзиши хусусиятҳои шифобахшии равғани эфирии намудҳои авлоди настаран – Rosa L.» ва «Таҳқиқи хусусиятҳои шифобахшии равғани эфирии садбарги димишқӣ – Rosa damascena Mill. ва истеҳсоли нӯшоба аз он» (роҳбари лоиҳа: д.и.б., дотсент Саттаров Ҷ.С.) ба қаламрави ҷумҳурӣ таҷҳизоти навин “Линия оид обрезӣ ва бастубандкунии моддаҳои фаъоли биологӣ ва об” ПРУ-1000 ворид ва васл намуд. Дар натиҷаи амалиёти мазкур сехи илмӣ-истеҳсолии “Гулоби Ирам” таъсис дода шуд, ки дар айни замон он истеҳсоли 2 намуди маҳсулот нӯшокии “Гулоби Ирам” ва оби ошомидании чашмаи “Ромит”-ро ба роҳ мондааст.