Конференсияи “Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист” (27-28 сентябри 2019 сол)
Конференсия “Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист” (27-28 сентябри 2019 сол)
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 №79 дар Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ санаи 27-28 сентябри соли 2019 Конференсияи илмии ҷумҳуриявии “Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист” гузаронида шуд.
Дар рафти конференсия 8 маърӯзаи пленарӣ ва 71 маърӯза дар маҷлисҳои 3 шуъба аз ҷониби олимони Академияи илмҳои ҶТ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ва меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Белоруссия ва Федератсияи Россия шунида шуд. Маърӯзаҳо дар сатҳи баланди илмӣ-методӣ гузаронида шуданд.
Аз ҷониби иштирокчиёни конфронс қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби мавҷудияти шароити гунгуни табиӣ-иқлимӣ ва экологӣ ба масъалаҳои омӯзиши мутобиқшавии организмҳои зинда ба муҳити зисти гирду атроф аҳамияти хосае дода мешавад
Иштирокчиён сатҳи баланди илмӣ-ташкилии конфронсро қайд намуда, саҳми олимонро барои рушди таҳқиқот оид ба масъалаҳои омӯзиши дигаргуншавии иқлим ҳамчун омили таъсировар ба механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда маънедод намуданд ва инчунин иброз доштанд, ки маводҳои конфронс сари вақт нашр шудааст.
Иштирокчиёни конфронс чунин пешниҳод намуданд:
- Мусоидат намудани ба мутобиқати таҳқиқот оид ба омӯзиши мутобиқшавии организмҳои зинда ба дигаргуншавии шароити муҳити зист тариқи робитаи иттилоотӣ, роибтаи мутахассисҳо ва рушди созишномаҳои дутарафаю бисёртарафа;
- Пурзӯр намудани интегратсияи муассисаҳои илмӣ бо донишгоҳҳо ҳангоми якҷоя иҷро намудани лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки ба таҳлили алоқамандӣ ва сабабнок будани ҳодисаҳое, ки бо ташабусси дигаргуншавии иқлим рух додаанд;
- Ба мавқеъ интишор намудани дастовардҳо оид ба таъсироти дигаргуншавии иқлим ба экосистемаҳо дар маводҳои хабарҳои оммавӣ;
- Системакунонии гузаронидани конфронсҳо ва мизҳои мудаввари мутахассисҳо;
- Аз Шуъбаи биология ва тибби АИ ҶТ хоҳиш намудани нашри резолютсияи конфронси «Мутобиқшавии организмҳои зинда ба шароити тағйирёбандаи муҳити зист» дар шумораи навбатии маҷаллаи “Ахбороти” АИ ҶТ (Шуъбаи биология ва тиб).
Суханронии ифтитоҳии д.и.б., академики АИ ҶТ Якубова Муҳиба Мухсиновна
Суханронии ифтитоҳии д.и.б., вице президенти АИ ҶТ Саидов Абдусаттор Самадович
Баромади директори Марказ, н.и.б., дотсент Сатторов Ҷамшед Саидович
Баромади д.и.б., мудири озмоишгоҳи илмии Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Неъматулло Маҳмадуллоевич
Баромади д.и.к., Академики АИ ҶТ, Ҳайдаров Карим Ҳайдарович
Баромади д.и.б., аъзои вобастаи АИ ҶТ, Алиев Қурбон Алиевич